unfoldingWord 19 - Пайғамбарон
Esquema: 1 Kings 16-18; 2 Kings 5; Jeremiah 38
Número de guión: 1219
Idioma: Tajiki
Audiencia: General
Tipo: Bible Stories & Teac
Propósito: Evangelism; Teaching
Citación Biblica: Paraphrase
Estado: Approved
Los guiones son pautas básicas para la traducción y grabación a otros idiomas. Deben adaptarse según sea necesario para que sean comprendidas y relevantes para cada cultura e idioma diferentes. Algunos términos y conceptos utilizados pueden necesitar más explicación o incluso ser reemplazados o omitidos por completo.
Guión de texto
Худо борҳо ба исроилиён пайғамбар фиристодааст. Пайғамбарон каломи Худоро мешуниданд ва ба мардум мерасонданд.
Вақте ки Аҳъоб дар Исроил ҳукмронӣ мекард, Илёс -пайғамбар дар Исроил зиндагӣ мекард. Аҳъоб марди бад буд. Ӯ мардумро ташвиқ кард, ки ба худои козибе бо номи Баал ибодат кунанд. Илёс ба Аҳъоб гуфт: "Ҳамчун ҷазо барои парастиши бутҳо дар Исроил, борон ё шабнам нахоҳад буд, то даме ки ман фармон надиҳам ки бори дигар борон борад". Инро шунида Аҳъоб аз Илёс чунон хашмгин шуд, ки қарор қабул кард ки ӯро бикушад.
Сипас Худо ба Илёс гуфт, ки ба ҷои хилвате рафта, аз Аҳъоб пинҳон шавад. Илёс ба ҷӯйе рафт, ки Худо ӯро оварда буд. Ҳар рӯз, субҳу шом, зоғҳо ба Илёс нону гӯшт меоварданд. Он вақт Аҳъоб ва лашкари ӯ Илёсро меҷустанд, аммо ёфта наметавонистанд.
Дере нагузашта ҷӯй хушк шуд, зеро борон набуд. Сипас Илёс бо амри Худо ба кишвари ҳамсоя рафт. Дар он ҷо як бевазани камбағал бо писараш зиндагӣ мекард. ғизоҳои Онҳо қариб тамом мешуд, зеро дар кишвар ҳосил набуд. Аммо онҳо Илёсро нигоҳубин мекарданд ва Худо онҳоро бо ғизо таъмин кард: орд ва равған дар зарфҳо тамом намешуданд, то он даме ки Худо ба замин борон фиристод. Аз ин рӯ, нигоҳ накарда аз хушксолӣ ва гуруснагӣ дар кишвар, онҳо ҳамеша ғизо доштанд. Ин тақрибан се сол идома ёфт.
Инак, Худо ба Илёс хабар дод, ки боз борон меборад. Худо ба Илёс гуфт, ки ба Исроил баргардад ва ба Аҳъоб биравад. Илёс назди подшоҳ рафт. Ӯро дида, подшоҳ Аҳъоб гуфт: "Ин аст он касе, ки ба Исроил бало овард". Илёс ба вай ҷавоб дод: «Ту будӣ, ки ба Исроил мусибат овардӣ! ту Худованд Худои ҳақиқиро тарк карда, Баалро парастиш кардӣ. Ҳамаи сокинони Исроил ва анбиёи худоёни козибро дар кӯҳи Кармил ҷамъ кун."
Аҳъоб чунин кард. Тамоми халқи Исроил дар кӯҳи Кармил ҷамъ омад. Одамоне низ омаданд, ки аз номи Баал сухан мегуфтанд. Инҳо пайғамбарони Баал буданд. Илёс ба мардум гуфт: "То ба кай шубҳа мекунед? Агар Худованд Худо бошад, Худоро ибодат кунед! Ва агар Баал худо бошад, Баалро ибодат кунед"!
Баъд аз ин, Илёс ба пайғамбарони Баал гуфт: "Барзаговро бикушед, пора -пора кунед ва ба қурбонгоҳ гузоред, аммо оташ нагузоред. Он гоҳ ман низ ҳамин тавр мекунам ва ҳайвонро ба қурбонгоҳи Худо мегузорам. Худое, ки ба қурбонгоҳ оташ мефиристад, Худои ҳақиқист". Пайғамбарони Баал қурбонӣ тайёр карданд, аммо оташ нагузоштанд.
Сипас онҳо ба худои худ дуо карданро сар карданд: "Эй Баал, моро бишнав!" Тамоми рӯз онҳо дуо гуфтанд, дод заданд ва ҳатто худро бо корд буриданд, аммо Баал ҷавоб надод ва оташ нафиристод.
Пайғамбарони Баал қариб тамоми рӯз ба ӯ дуо мегуфтанд. То бегоҳ онҳо дуоро бас карданд. Сипас Илёс ҷонварро барои қурбонгоҳи Худо гузошт. Ӯ ба мардум амр дод, ки аз дувоздаҳ зарфи калон ба қурбонӣ об рехта, то гӯшт, ҳезум ва ҳатто замини атрофи қурбонгоҳ пурра тар шавад.
Сипас Илёс дуо кард: "Эй Худованд, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб! Имрӯз ба мо нишон деҳ, ки Ту Худои Исроил ҳастӣ ва ман бандаи Ту ҳастам. Ба ман ҷавоб деҳ ва ба ин одамон хабар деҳ, ки Ту Худои ҳақиқӣ ҳастӣ".
Ҳамон соат аз осмон оташ фуруд омада гӯшт, ҳезум, сангҳо ва ҳатто обро дар атрофи қурбонгоҳ сӯзонд. Вақте, ки одамон инро диданд онҳо ба замин афтода дод заданд: "Худованд - Худои ҳақиқӣ аст! Худованд - Худои ҳақиқӣ аст!"
Пас аз ин Илёс гуфт: "Намонед, ки ягон пайғомбари Баал гурезад"! Мардум пайғомбарони Баалро қапида бурда куштанд.
Баъд Илёс ба шоҳ Аҳъоб гуфт: "Зуд ба хона баргард, зеро борон меборад". Дере нагузашта осмон сиёҳ шуд ва борони шадид сар шуд, зеро бо амри Худованд хушксолӣ хотима ёфт. Ин тасдиқи он буд, ки Ӯ Худои ҳақиқӣ аст.
Вақте, ки Илёс хизматашро дар замин ба охир расонд, Худо марде бо номи Элишоъ-ро пайғомбари худ интихоб кард. Худо ба воситаи Элишоъ бисёр мӯъҷизаҳо кард. Яке аз мӯъҷизаҳо бо Наамон фармондеҳи лашкари душман рӯй дод. Наамон касалии пӯсти табобатнашаванда дошт. Наамон дар бораи Элишоъ шунида, назди ӯ рафт ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро шифо диҳад. Аммо Элишоъ назди Наамон набаромад, балки ба воситаи хизматгори худ фаҳмонд, ки Наамон бояд Ҳафт маротиба ба дарёи Урдун ғутта занад.
Дар аввал Наамон хашмгин шуд ва намехост ин корро кунад, зеро Элишоъ ҳатто ба наздаш наомада буд. Аммо баъд ӯ фикрашро дигар кард, ба дарёи Ӯрдун рафт ва ҳафт маротиба ба об ғӯта зад. Вақте ки ӯ аз об баромад, Худо ӯро шифо дод.
Пас аз Элишоъ Худо бисёр пайғамбарони дигарро ба халқи Исроил равона кард. Ҳама ба одамон гуфтанд, ки парастиши бутҳоро бас кунанд ва бо одамони одилона ва меҳрубонона муносибат кунанд. Пағамбарон мардумро ҳушдор медоданд, ки агар бадкориро бас накунанд ва ба итоати Худо сар накунанд, Худованд онҳоро доварӣ мекунад ва барои гуноҳашон ҷазо медиҳад.
Аммо одамон аксар вақт ба Худо итоат намекарданд. Гоҳо одамон бо пайғамбарон муносибати бераҳмона мекарданд. Ҳамин тавр, яке аз пайғамбарон бо номи Ирмиё дар чоҳи хушк шинонданд то, ки вай дар он ҷо бимирад. Ӯ дар лой, дар поёни чоҳ менишаст, то даме ки подшоҳ ба ӯ раҳм кард ва ба хизматгорон фармуд, ки бароранд то даме ки ӯ зинда аст. Одамон аз пайғамбарони Худо нафрат доштанд ва ҳатто баъзеи онҳоро мекуштанд.
Нигоҳ накарда ба нафратӣ одамон пайғамбарон расонданӣ суханони Худоро ба одамон давом медоданд. Онҳо одамонро огоҳ мекарданд, ки агар онҳо тавба накунанд Худо онҳоро нобуд мекунад ва одамонро ба итоаткорӣ ба Худо даъват мекарданд. Пайғамбарон инчунин ба одамон хотиррасон мекарданд, ки Худо ваъда додааст, ки ба онҳо Масеҳро мефиристад.