unfoldingWord 20 - Асири ва бозгашт

unfoldingWord 20 - Асири ва бозгашт

Outline: 2 Kings 17; 24-25; 2 Chronicles 36; Ezra 1-10; Nehemiah 1-13

Script Number: 1220

Language: Tajiki

Audience: General

Genre: Bible Stories & Teac

Purpose: Evangelism; Teaching

Bible Quotation: Paraphrase

Status: Approved

Scripts are basic guidelines for translation and recording into other languages. They should be adapted as necessary to make them understandable and relevant for each different culture and language. Some terms and concepts used may need more explanation or even be replaced or omitted completely.

Script Text

Ҳарду шоҳигари, Исроил ва Яҳудо, бар зидди Худо гуноҳ карданд. Онҳо аҳдеро, ки Худо бо онҳо дар кӯҳи Сино баста буд, вайрон карданд. Худо борҳо ба назди мардум паёмбаронро фиристод, то тавба кунанд ва дубора ба Ӯ ибодат кунанд, аммо онҳо аз итоати Ӯ худдорӣ карданд.

Барои итоат накардан, Худо ҳардуи ин подшоҳиро ҷазо дод ва ба душманони онҳо иҷозат дод, ки онҳоро нест кунанд. Дар он айём яке аз кишварҳои тавоно Ашшурия буд. Ашшуриён ба дигар халқҳо хеле бераҳмона муносибат мекарданд. Онҳо ба Исроил ҳамла карданд ва ин подшоҳиро ба даст гирифтанд. Ашшуриён дар подшоҳии Исроил одамони зиёдеро куштанд, ҳама чизи арзишмандро гирифтанд ва қисми зиёди кишварро сӯзонданд.

Илова бар ин, ашшуриён ҳамаи ҳокимон, ҳамаи ҳунармандон, инчунин одамони сарватмандро гирифта, ба Ашшур бурданд. Танҳо одамони хеле камбизоат дар Исроил монданд.

Сипас ашшуриён замине, ки қаблан подшоҳии Исроил буд, бо халқҳои дигар пур карданд. Ин халқҳо шаҳрҳои харобшударо барқарор карданд. Онҳо бо исроилиёне, ки дар он ҷо монданд, издивоҷ карданд. Насли исроилиён, ки бо халқҳои дигар издивоҷ мекарданд, сомариён номида мешуданд.

Мардуми Яҳудо диданд, ки чӣ тавр Худо мардуми Исроилро барои беимонӣ ва итоат накарданашон ҷазо дод. Аммо онҳо то ҳол бутҳо ва худоёни қанъониҳоро парастиш мекарданд. Худо пайғамбаронро фиристод, то онҳоро огоҳ кунанд, аммо онҳо гӯш кардан нахостанд.

Тақрибан 100 сол пас аз он ки ашшуриён Исроилро нест карданд, Худо подшоҳи Бобил Набукаднесарро ба Яҳудо фиристод. Дар он вақт Бобил як империяи тавоно буд. Подшоҳи Яҳудо маҷбур шуд, ки ғуломи Набукаднесар шавад ва ҳар сол ба ӯ боҷ диҳанд.

Аммо баъд аз чанд сол шоҳи Яҳудо бар зидди Бобил исён бардошт. Сипас бобилиён баргашта, ба Яҳудо ҳамла карданд. Онҳо Ерусалимро забт карда, Маъбадро хароб карданд ва тамоми боигарии шаҳр ва Маъбадро бурданд.

Ҳамчун ҷазо барои исён лашкарони Набукаднесар писарони подшоҳи Яҳудоро дар пеши чашмонаш куштанд ва сипас чашмони ӯро низ кофта гирифтанд. Онҳо подшоҳро ба Бобил бурданд ва дар онҷо дар зиндон мурд.

Набукаднесар ва лашкарони ӯ қариб тамоми мардуми Яҳудоро ба Бобил бурданд ва танҳо камбағалонро дар онҷо гузоштанд, барои заминро коркард кардан. Даврае, ки халқи Худо маҷбур шуд берун аз Замини Ваъдашуда зиндагӣ кунанд, асорати Бобил ном дорад.

Ба вуҷуди он ки Худо қавми Худро барои гуноҳҳояшон ҷазо дод ва иҷозат дод, ки онҳо асир шаванд, Ӯ қавми Худро фаромӯш накард ва ваъдаҳояшро дар ёд дошт. Худо ба халқаш ғамхорӣ карданро давом дод ва ба воситаи пайғамбарони худ ба онҳо сухан мегуфт. Худо ба онҳо ваъда дод, ки дар давоми 70 сол исроилиён боз ба Замини Ваъдашуда бармегарданд.

Тақрибан баъд аз 70 сол Куруш, подшоҳи Форс, Бобилро мағлуб кард. Ҳоло ба ҷои империяи Бобил, империяи Форс бар бисёр халқҳо ҳукмронӣ карданро сар кард. Дар ин давра исроилиён яҳудӣ номида мешуданд. Аксари онҳо тамоми умр дар Бобил зиндагӣ кардаанд. Танҳо якчанд яҳудиёни пиронсол буданд, ки то ҳол сарзамини худро дар ёд доштанд.

Империяи Форс пурзӯр буд, аммо форсҳо ба халқҳои асиршуда меҳрубонона рафтор мекарданд. Пас аз оне, ки Куруш подшоҳи Форс шуд фармон дод, ки ҳамаи яҳудиёне, ки мехостанд Форсро тарк кунанд иҷозат дод, ки ба сарзамини Яҳудо баргарданд. Ӯ ҳатто ҳама чизи лозимиро барои барқарор кардани маъбад дод! Ҳамин тариқ, пас аз 70 соли асорат як гурӯҳи хурди яҳудиён ба шаҳри Ерусалим баргаштанд.

Вақте ки одамон ба Ерусалим расиданд, онҳо маъбад ва девори атрофи шаҳрро аз нав барқарор карданд. Ва гарчанде ки онҳоро ҳанӯз форсҳо идора мекарданд, яҳудиён боз дар Замини ваъдашуда зиндагӣ мекарданд ва дар маъбад Худоро парастиш мекарданд.

Related information

Words of Life - Audio gospel messages in thousands of languages containing Bible based messages about salvation and Christian living.

Free downloads - Here you can find all the main GRN message scripts in several languages, plus pictures and other related materials, available for download.

The GRN Audio Library - Evangelistic and basic Bible teaching material appropriate to the people's need and culture in a variety of styles and formats.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons