unfoldingWord 13 - Аҳди Худо бо Исроил

unfoldingWord 13 - Аҳди Худо бо Исроил

Raamwerk: Exodus 19-34

Skripnommer: 1213

Taal: Tajiki

Gehoor: General

Genre: Bible Stories & Teac

Doel: Evangelism; Teaching

Bybelaanhaling: Paraphrase

Status: Approved

Skrips is basiese riglyne vir vertaling en opname in ander tale. Hulle moet so nodig aangepas word dat hulle verstaanbaar en relevant is vir elke verskillende kultuur en taal. Sommige terme en konsepte wat gebruik word, het moontlik meer verduideliking nodig of selfs heeltemal vervang of weggelaat word.

Skripteks

Баъд, аз он ки Худо Исроилиёнро аз мобайни дарёи Сурх гузаронд Ӯ онҳоро бо биёбон ба кӯҳе ки Сино ном дошт бурд. Махсусан дар ҳамин кӯҳ Мӯсо буттаи фурӯзонро дида буд. Халқ хаймаҳои худро дар домани ин кӯҳ гузоштанд.

Худо ба Мӯсо ва ба тамоми халқи Исроил гуфт: "Агар шумо Маро гӯш кунед ва аҳде, ки Ман бо шумо баста истодаам нигоҳ доред, пас шумо моликияти қимматбаҳои Ман, шоҳигарии коҳинон ва халқи муқаддас барои Ман мешавед".

Худо ба Мӯсо гуфт, ки халқро барои рӯзи сеюм барои мулоқот бо Ӯ омода ва пок созад. Халқ ба ин вохӯрӣ ду рӯз омодагӣ диданд. Дар рӯзи сеюм, Худо ба болои кӯҳи Сино омад. Омадани Ӯ бо раъду барқ, дуд ва овози баланд карнайҳо ҳамроҳӣ мекард. Худо Мӯсоро даъват кард ва Мӯсо ба кӯҳ баромад.

Дар кӯҳи Сино Худо бо халқ аҳд баст ва ба онҳо Даҳ Аҳкомро дод. Ӯ гуфт: «Ман Худованд Худои ту ҳастам. Ман шуморо аз ғуломии Миср наҷот додам, худоёни дигарро парастиш накунед».

"Бутҳоро насозед ва онҳоро парастиш накунед, зеро ки ман, Худованд, бояд Худои ягонаи шумо бошам. Номи Маро беҳурматона ба забон наоред. Дар хотир доред, ки рӯзи шанбе - рӯзи муқаддас аст. Яъне, тамоми корҳои худро дар давоми шаш рӯз анҷом диҳед ва рӯзи ҳафтум, шанбе, истироҳат кунед ва дар бораи Ман мулоҳиза кунед".

"Падар ва модари худро эҳтиром кунед. Накушед. Зино накунед. Дуздӣ накунед. Дурӯғ нагӯед. Зани каси дигарро орзу накунед, хонаи дигар касро ё чизеро, ки ба дигарон тааллуқ дорад нахоҳед".

Ҳамаи халқ розӣ шуд, ки аҳкомҳое, ки Худо ба онҳо додааст, иҷро кунанд. Ҳама розӣ шуданд, ки аз они Худои ягона бошанд ва танҳо Ӯро ибодат кунанд.

Худо инчунин ба исроилиён фармуд, ки хаймаи бузург - Хаймаи Ҷамъомадро созанд. Худо ба онҳо муфассал фаҳмонд, ки чӣ тавр онро бояд сохт ва дар он чӣ гузоштан лозим аст. Худо ба онҳо гуфт, ки пардаи калоне созанд, ки хаймаро ба ду ҳуҷра тақсим кунад. Худо гуфт, ки ба ҳуҷраи паси парда омада, дар он мемонад. Танҳо саркоҳин ба ин ҳуҷра иҷозат дошт дарояд.

Худо барои Худ Ҳорун, бародари Мӯсо ва наслҳои ӯро коҳин интихоб кард. Халқ бояд қурбонгоҳе дар назди Хаймаи Ҷамъомад месохт. Ҳар шахсе, ки қонунҳои Худоро вайрон мекард, бояд ба назди ин қурбонгоҳ ҳайвонеро биёрад. Ба коҳин лозим буд, ки ҳайвонро бикушад ва онро дар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонӣ барои Худо сӯзонад. Худо гуфт, ки хуни ин ҳайвон гуноҳи инсонро мепӯшонад ва аз ин рӯ Ӯ ин гуноҳро нахоҳад дид. Тавассути қурбонӣ одам дар назди Худо пок мегардад.

Худо ба одамон бисёр қонуну қоидаҳои рафторро дод. Худо ваъда дод, ки агар одамон ба қонунҳои Ӯ итоат кунанд, онҳоро баракат дода муҳофизат мекунад. Ва агар онҳо ин қонунҳоро риоя накунанд, пас Худо ваъда дод, ки онҳоро ҷазо медиҳад. Худо ба ду лавҳаи сангин Даҳ Аҳкомро навишт ва ба Мӯсо фармуд, ки ба кӯҳи Сино баромада онҳоро бигирад.

Мӯсо чанд рӯз дар кӯҳи Сино буд ва бо Худо сӯҳбат мекард. Мардум аз интизории бозгашти ӯ монда шуданд. Онҳо ба Ҳорун тилло оварда, аз ӯ хоҳиш карданд, ки барои онҳо барои саҷда кардан ба ҷои Худо бут созад. Ҳамин тавр онҳо гуноҳи даҳшатнок бар зидди Худо карданд.

Ҳорун бути тиллоиро дар шакли гӯсола сохт. Мардум бо як ҳаяҷон ба бут парастиш кардан ва қурбонӣ оварданро сар карданд. Худо барои ин гуноҳ аз онҳо хеле хашмгин шуд. Ӯ ба Мӯсо гуфт, ки мехоҳад онҳоро нест кунад. Аммо Мӯсо ба Худо дуо кард, ки онҳоро накушад. Худо дуои ӯро шунид ва мардумро нобуд накард.

Вақте ки Мӯсо аз кӯҳи Сино фаромад, дар дасташ ду лавҳа буд, ки Худо бар онҳо Даҳ Аҳкомро навишта буд. Мӯсо бутро дида, чунон хашмгин шуд, ки лавҳаҳоро пора пора кард.

Сипас Мӯсо бутро сӯзонд ва хокистар кард. Ӯ хокистарро ба об партофт ва маҷбур кард, ки халқ обро нӯшад. Худо ба халқ фалокат равон кард, аксариято онҳо мурданд.

Худо ба Мӯсо фармуд, ки ба ҷои лавҳаҳои пора кардааш, барои Даҳ Аҳком лавҳаҳои нави сангӣ созад. Мӯсо чунин кард. Вай боз ба болои кӯҳ баромада дуо кард, ки Худо халқро бубахшад. Худо Мӯсоро шунид, исроилиёнро бахшид ва Даҳ Аҳкомро дар лавҳаҳои нав навишт. Мӯсо бо ин лавҳаҳо аз кӯҳ баргашт. Баъд аз ин Худо исроилиёнро аз кӯҳи Сино ба Замини ваъдашуда бурд.

Verwante inligting

Woorde van Lewe - GRN het oudio-evangelieboodskappe in duisende tale wat Bybelgebaseerde boodskappe bevat oor verlossing en Christelike lewe.

Gratis aflaaie - Hier vind u al die belangrikste GRN boodskap skrips in verskeie tale, plus prente en ander verwante materiaal, wat beskikbaar is om af te laai.

Die GRN Oudiobiblioteek - Evangelistiese en basiese Bybelonderrigmateriaal wat geskik is vir die behoefte en kultuur van die mense in 'n verskeidenheid style en formate.

Choosing the audio or video format to download - What audio and video file formats are available from GRN, and which one is best to use?

Copyright and Licensing - GRN shares it's audio, video and written scripts under Creative Commons